Раиси Додгоҳи Олӣ ҳузури маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишварро рад кард

Ҳизбуллоҳ Хоҷаев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки на дар гузашта ва на дар даҳ соли ахир дар кишвар нафаре бо ҷурми амали сиёсӣ маҳкум ба зиндон нашудааст ва ин гуна модда дар Қонуни кайфарии Тоҷикистон нест. Ӯ ин ҳарфҳоро дар баробари иддаои раиси ҳизби Cотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зоиров баён дошт, ки ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии худ теъдоди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистонро беш аз ҳазор нафар гуфта буд. Ҷаноби Зойиров чанд нафар, аз ҷумла, Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон, Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди раиси ҷумҳур, Маҳмадрузӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон ва чанд узви ҳизби худашро ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ, барои амалҳои сиёсиашон маҳкум ба зиндон шудаанд. Ва аммо раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин иддаоро рад кард ва гуфт:

Ҷаноби Зоиров бо ном бурдани маҳбусони сиёсӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон киҳоро дар назар дорад, бояд мушахас кунад, аммо агар оғои Зоиров Маҳмадрӯзӣ Искандарову монанди ӯро дар назар дошта бошад, ин афрод барои ҷиноятҳои муқаррарии Қонуни ҷазоии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва маҳкумияти онҳо ба сиёсат ҳеҷ иртибот надорад.

Дар ҳамин ҳол Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби Сотсиал Демократии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарфҳое, ки раиси Додгоҳи Олӣ гуфтааст, албатта, назари ӯст, аммо Ҳизби Сотсиал Демократӣ ҳамчунон дар мавқеъи худ устувор аст ва теъдоди ин афродро на камтар аз ҳазор нафар медонад.

Ман гуфтанӣ нестам, ки Маҳмадрӯзӣ Искандароҳ ҳангоми ифои вазифаи давлатиаш гуноҳе накарда бошад, вале чаро афроде ки монанди Маҳмадрӯзӣ Искандаров гуноҳ карда маҳкум шудаанд, ҳамагӣ барои 5 ё 6 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд! Вале ба парвандаи Маҳмадрузӣ Искандаров ҷурмҳое монанди бандитизм ва терроризм илова шудаанд, ки тасдиқи худро наёфтанд ва ӯ ба 23 сол маҳкум шуд ва ин нишон медиҳад, ки ин ҳукм заминаи сиёсӣ дорад.

Раҳматуллоҳ Зоиров афзуд, дар ҳоли ҳозир вай мадракҳое зарурӣ роҷеъ ба маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистонро ҷамъоварӣ кардааст, ки дар наздиктарин рӯз ба Додситонии Кулл ва ба Вазорати амнияти кишвар пешниҳод хоҳад кард.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе