Ятимони тоҷик дар ватан мемонанд?

Маҳкамбой Маҳмудов, раиси кумитаи Маҷлиси Миллӣ ва муовини раиси дафтари иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки Қонуни мазкурро барои Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекард, гуфт, ин ислоҳот ба асноди байналмилалӣ мухолифат надорад.
То имрӯз ба гуфтаи оғои Маҳмудов, 20 мавриди ба фарзандхондагӣ гирифтани кудакони тоҷик аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст. Дар ҳамин ҳол Ҳизбуллоҳ Хоҷаев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, ки Конвенсиёни ҳуқуқи кудак фақат дар як маврид ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи ба фарзанд хонданро медиҳад:

Қонунгузории мо ба Конвенсиёни ҳуқуқи кудак, ки Созмони милал қабул кардааст, мувофиқат намекард. Аз ин Конвенсиён бармеояд, ки кудак ба шаҳрванди хориҷӣ фақат дар ҳамон маврид барои фарзандхондагӣ дода мешавад, ки агар вай дар ватани худаш ягон парастор, ягон падархонд ё модархонд ёфта натавонад.

Ҳамчунин тибқи Қонуни нави сабти асноди шаҳрвандӣ, таҳияи як силсила асноде, ки қаблан барои онҳо пардохти маблағ пешбинӣ мешуд, акнун бояд ба сурати ройгон дар ихтиёри шаҳрвандон гузошта шавад. Аз ҷумла, додани шаҳодатномаи таваллуд дар бархе мавридҳо. Зеро ба далели мушкилоти иқтисодӣ, гуфт оғои Маҳмудов, бисёр хонаводаҳо таваллуди кудаконашонро сабт намекунанд.
Бар асоси тағӣироти воридшуда ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ҷазои ҷиноиро адо мекунанд, дар муносибати хонаводагӣ баробари дигар ашхос ҳуқуқи баробар хоҳанд дошт. Дар Қонуни қаблӣ ҳуқуқи онҳо маҳдуд мешуд. Қонуни қаблӣ дар ин замина дар даҳаи 70 асри гузашта қабул шуда буд.
Дар иҷлосияи ахири Маҷлиси намояндагон ҳамчунин ба Қонуни кор ва Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон низ ислоҳот ворид шуд.