Теннисбозони тоҷик дар рақобатҳои Ҷоми Дейвис дар Урдун дастаи миллии Туркманистонро 3 бар ҳеҷ ва Урдунро 2 бар 1 шикаст доданд. Ин пирӯзӣ дар сатҳи умумии бозиҳо миёни 133 дастаи миллӣ аҳамияти сарнавиштсоз надорад, аммо аз боло рафтани маҳорати варзишгарони тоҷик дарак медиҳад. Чунончи, Дилшод Шарифӣ рақибаш Руслан Алмазовро аз тими Туркманистон 6-0 ва 6-1 ва Мирҳусейн Яҳёев Довран Чагилговро 7-5 ва 6-3 шикаст доданд. Дар бозии ҷуфтҳо Фарҳод Саидов ва Дилшод Шарифӣ ба рақибони худ Довран Чалигов ва Шералӣ Ҷавлиев 6-1, 6-2 дастиболо шуданд. Дастаи миллии Тоҷикистон дар набард бо дастаи миллии Урдун низ пирӯз омад. Дилшод Шарифӣ Абдуллоҳ Фаддоро 7-6 ва 6-4, Мирҳусейн Яҳёев Тариқ Талол-Шакваро 6-3 ва 9-7 шикаст дода, дар як бозиро бохт (3-6). Дар бозии дунафарӣ дастаи урдунӣ бар Раҳматуллоҳ Раҷабалиев ва Мирҳусейн Яҳёев пирӯз гашт, вале аз рӯи шумори умумӣ (2:1) дастаи Тоҷикистон ғолиб гашт. Пеш аз ин пирӯзиҳо дастаи Тоҷикистон аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо шумори 0:3 ва Сурия 1:2 шикаст хӯрд. Тибқи натиҷаҳои охиринаш дастаи миллии Тоҷикистон дар ҷадвали Ҷоми Дейвис дар миёни 133 кишвар ба ҷои 96-ум баромад. Мусобиқаҳои ҷаҳонии теннис барои Ҷоми Дейвис бори 105-ум аст, ки барпо мешаванд. Бозиҳо дар 7 минтақа ҷараён ёфта, танҳо 16 дастаи беҳтарин ба гурӯҳи ҷаҳонӣ ворид мегардад ва сабқати ниҳоӣ дар байни онҳо сурат мегирад.