Имруз ҳудуди 2 ҳазор нафар дар маркази Бишкек - пойтахти Қирғизистон бар зидди фасод ва қонуншинканиҳо раҳпаймоӣ карданд. Онҳо аз мақомоти давлатӣ тақозо карданд, ки қонунро риъоят ва назмро таъмин кунанд.Эътирозкунандагон аз мақомот дархост мекарданд, ки афроди ҷиноятпеша ба сохторҳои давлатӣ роҳ наёбанд. Тазоҳуркунандагон ҳамчунин хостори анҷоми ислоҳот дар Қонуни Асосӣ ва ва низоми додгоҳӣ шуданд. Ин раҳпаймоӣ ва тазоҳуротро тақрибан 20 ҳизб ва созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистон созмондиҳӣ карданд.