СММ мегӯяд, ки поксозии ҷаҳон аз минаҳои зидди афрод дар давоми чанд соли наздик имконпазир аст. Қаблан тахмин мешуд, ки барои барчиданиу маҳви минаҳо даҳсолаҳо зарур хоҳад шуд.
Дар маросими таҷлили аввалин рӯзи байналмилалии "огаҳӣ аз мина" дабири кулли СММ Кофӣ Аннан гуфт, иҷрои ин амал дар ҳоле имконпазир аст, ки кишварҳову созмонҳои кумакрасон дар поксозиву таълим ёрӣ расонанд. Маҷмаи Кулли СММ чоруми апрелро рӯзи байналмилалии "огаҳӣ аз мина" эълон кардааст.
Ба қавли СММ ҳар сол дар саросари олам аз таркиши минаҳои зидди афрод тахминан 20 ҳазор нафар кушта ва ё маҷрӯҳ мешаванд. Соли 2004-ум Камбоджа, Афғонистон ва Колумбия беш аз ҳар мамлакати дигари олам бо зиёни ҷониву молӣ аз минаҳо мувоҷеҳ шуданд. Кишварҳое ба монанди Ироқ, Судон, Ангола, Босния, Эфиопия, Эритрия ва Тоҷикистон дар рӯ бар рӯи поксозии майдонҳои саршор аз мина қарор доранд.
СММ иттилоъ медиҳад, ки соли 2005-ум ҳукумати Русия дар Чеченистон аз минаҳои зидди афрод кор гирифта буд. Вале сафири Русия дар СММ Андрей Денисов иддао дорад, ки танҳо ҷангҷӯёни чечен аз мина истифода бурдаанд.