Волидайни Хуршеда Султонова аз Додгоҳи Олии Русия дод хоҳанд хост

Аз ҳукми қотилони духтари тоҷик Хуршеда Султонова тамоми ҷонибҳо қаноатманд нестанд. Охири ҳафтаи гузашта додгоҳи шаҳри Петербург бар асоси ҳукми ҳайъати мунсифаи ин додгоҳ гурӯҳи ҷавонони муттаҳам ба куштори Хуршеда Султоноваи нӯҳсоларо бо ҷурми авбошӣ ба муддати аз якуним то панҷу ним сол аз озодӣ маҳрум кард. Рӯзи 9 феврали соли 2004-ум дар яке аз кӯчаҳои Санкт-Петербург гурӯҳи ҷавонони сартарошида бо шиорҳои миллатгароёна болои Хуршеда Султонова, падар ва писархолааш ҳамла карда, Хуршедаро бо нӯҳ зарби корд ба ҳалокат расонда буд. Падари ӯ Юсуф султонов ва писархолааш Акобир дар ин ҳамла маҷрӯҳ шуданд.

Аз эҳтимол дур нест, ки рӯзи сешанбе, 4 апрел дархости бознигарии парванда дар Додгоҳи олии Русия матраҳ шавад. Вакили мудофиаи оилаи Султонов тасмим гирифтааст рӯзи сешанбе тақозои бознигарии парвандаро ба Додгоҳи Олии Русия пешниҳод кунад.

Аз сӯи дигар, идораи додситонии Санкт-Петербург ҳам бар ин ақидааст, ки қотил будани Роман Казаков собит шудааст ва ӯ бояд ба ҳамин ҷурм ҷавоб диҳад. Ҳамчунин додситонӣ ба комилан бегуноҳ арзёбӣ шудани муттаҳами дигар мухолифат дорад. Намояндаи додситонии Санкт-Петербург Светлана Ефименко гуфтааст, ки баъди гирифтани нусхаи ҳукм додситонӣ эътирози худро баён хоҳад кард.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов бовар дорад, ки куштори Хуршеда бар пояи адовати нажодӣ ба амал омадааст. Ба гуфти сафири Русия дар Тоҷикистон куштори кӯдаки нуҳсола набояд як авбошии оддӣ , балки ҳамчун куштор дар асоси адовати миллӣ арзёбӣ шавад.