Ваъдаи ихтисоси маблағи дубаробар барои чопи китоб

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар дидораш бо зиёиёни кишвар гуфт, соли равон ба хотири рушди адабиёт ва ҷалби мардум ба китобхонӣ, аз хазинаи президент барои чопи китобҳои нав нисбат ба соли гузашта 2 баробар маблағи зиёдтар равона мешавад. Вай гуфт: "Маълум аст, ки бе пешрафти илму фарҳанг ягон соҳаи дигар наметавонад рушд кунад. Ба ин хотир ҳукумати кишвар дар роҳи инкишофи илм ва боло бурдани маърифати шаҳрвандони кишвар тадбирҳои муҳим меандешад."

Мудири нашриёти «Адиб»Ато Ҳамдам дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, дар 4 соли ахир аз хазинаи президенти Тоҷикистон барои чопи китоб 800 000 сомонӣ ихтисос дода шудааст: "Мо дар ин муддат бо ин маблағ чандин китобҳои илмиву адабӣ ва бачагонаро нашр кардем. Дар соли равон чопи чанд китоби адибони тоҷик ва осори адибони ҷаҳониро дар нақша дорем."

Аммо шоири тоҷик Салимшоҳ Ҳалимшоҳ мегӯяд, тайи 15 соли истиқлолияти Тоҷикистон дар адабиёти тоҷик ва нашри китоб ҳеҷ навгонӣ ё ислоҳоти чашмрасе, ки ба талаботи замон ва завқи хонандаи имрӯз ҷавобгӯ бошад, ба назар намерасад. Матбуоти кишвар низ интихоби осор ва шумораи нашри китобро барои чоп аз сармояи давлат чандин бор тан-ид кардааст?
Бино ба маълумоти нашриёти «Адиб», соли гузашта аз ҳисоби хазинаи президенти кишвар барои чопи китобҳои нав 250 000 сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе