Иёлоти Муттаҳида барои сохтмони пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ, ки ду шоҳроҳи Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ҳам хоҳад пайваст, ба таври илова 7 миллиону 750 ҳазор доллар тахсис додааст. Сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри як баёния хабар додааст, иҷрои тарҳи ёдшуда имкон медиҳад дар ду тарафи маҳали эҳдоси пул барои буду бош ва ҳамзамон фаъолияти марзбонони ду кишвар таъсисоти маъмурӣ ва зербиноҳои зарурии иҷтимоъӣ бунёд гардад. Ҳамчунин дар доираи ин тарҳ дар назар аст, дар ҳар ду ҷониби маҳали сохтмон нуқоти бозрасии гумрукӣ ва ошхона бунёд гардад. Интизор меравад, ин ҳама қабл аз анҷом пазируфтани сохтмони пул ба истифода дода шавад. Давлати Амрико барои бунёди пул дар минтақаи Панҷи поён, 180 километрии ҷануби Душанбе, 28 миллион доллар ҷудо намудааст.18 июни соли 2005 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон маросими расмии шурӯъи бунёди ин пул баргузор шуда буд ва Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни ин маросим номаи Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури Амрико ба ин муносибатро қироат намуда буд. Дар номаи раиси ҷумҳури Амрико таъкид шудааст,ки бунёди пул дар минтақаи Панҷи поён равобити иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон боиси ривоҷи иртиботи бештари тиҷорӣ миёни ин ду кишвар ва дар маҷмӯъ, дар минтақа мегардад. Қарор аст, сохтмони пули мавриди назар то миёнаҳои соли 2007 анҷом ёбад. Имтидоди пул 672 метрро ташкил медиҳад ва он Бандари Шерхони Афғонистонро бо Панҷи поёни Тоҷикистон мепайвандад.