Милошевич дар зиндон даргузашт

Слободан Милошевич-собиқ раиси ҷумҳури Югословӣ дар утоқи зиндон дар Ҳейг ё Гаага даргузаштааст. Вай барои ҷиноятҳои ҷангӣ ба додгоҳи байналмилалӣ кашонда шуда буд. Дар эъломияе, ки Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангӣ мунташир сохт, гуфта мешавад, ки Милошевич дар ҷои хоби худ дар утоқи зиндон ҷон додааст. Ин зиндон вобаста ба СММ аст ва дар он ҷинояткорони ҷангӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар эъломия омадааст, яке аз зиндонбонон билофосила баъд аз ин ҳодиса раҳбар ва табиби зиндонро огаҳ сохтааст ва табиб даргузашти Милошевичро таъйид кардааст. Додгоҳ мегуяд, пулис ва коршиносони тиббии Ҳуланд муъоинаи бадани Милошевичро шуруъ кардаанд ва дақиқ мекунанд, ки оё моддаи заҳрогин дар таркиби баданаш вуҷуд дорад ё хайр ва сабаби маргаш чӣ будааст. Карла Деk Понте-додситони аршади ҷиноятҳои ҷангии марбут ба СММ моҳи январ дар Ҳейг дар бораи вазъи саломати Милошевич чунин гуфта буд:

"Милошевич дар Ҳейг табибони хеле хуб ва ҳама шароитеро, ки барои саломати вай зарур аст, дорад. Вай ҳатто дар боздошт ҳам метавонад муъолиҷа гирад ва мо мурофиаро рузи душанбе аз сар мегирем".


Милошевич 64 сол дошт ва аз бемории қалбу фишори хун ранҷ мебурд. Ба далели ин бемориҳо борҳо мурофиаи додгоҳи вай дар Ҳейг ё Гаага ба таъвиқ афтода буд. Вай барои қатли ом ва ҷиноятҳои ҷангиаш дар солҳои 1990-ум дар Югословӣ муттаҳам дониста мешуд.Маҳофили байналмилалӣ билофосила ба даргузашти Милошевич вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла, вазири хориҷаи Фаронса гуфт, вай Милошевичро ба унвони яке аз тарроҳони ҷанги Балкан мешиносад. Утриш, ки ҳоло раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда дорад, мегуяд, даргузашти Милошевич ба минтақаи Югословӣ асаре нахоҳад гузошт.