Маҳмуди Аҳмадинажод - раисиҷумҳурии Эрон имрӯз гуфт, ки кишвараш алайҳи ҳар навъ фишори сиёсии марбут ба барномаи ҳастаии он муқовимат хоҳад кард ва таслими "зӯр" нахоҳад шуд.
Ин изҳороти оқои Аҳмадинажод пас аз он сурат мегирад, ки Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ гузориши худ дар бораи барномаи ҳастаии Эронро ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ирҷоъ кард.
Қарор аст Шӯрои амният ҳафтаи оянда ташкили ҷаласа диҳад ва қатъномаҳои бунёди ҳастаии СММ дар бораи Эронро баррасӣ кунад. Интизор меравад рӯзи 10 март, яъне қабл аз тарҳи масъалаи Эрон дар Шӯрои амният, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Русия, Чин, Фаронса ва Бритониё - панҷ узви доимии ин шӯро бо ҳам дидор кунанд.
Сергей Иванов - вазири хориҷаи Русия имрӯз гуфт, ки Шӯрои амнияти СММ набояд дар арзёбии хатароти марбут ба нақзи паймони манъи густариши ҷангафзорҳои ҳастаӣ нақши умдаро бозӣ кунад.
Кин Ганг - сухангӯи вазорати хориҷаи Чин имрӯз аз ҷомеъаи байналмилал хост, ки аз ташдиди танишҳо дар заминаи барномаи ҳастаии Эрон бипарҳезанд.
Давлати Эрон ҳамчунон таъкид мекунад, ки барномаи ҳастаиаш ҳадафҳои сирфан сулҳомез дорад.