Давлати Афғонистон имрӯз ба изҳороти Парвиз Мушарраф - раисиҷумҳурии Покистон дар бораи мизони огоҳии Ҳомид Карзай - раҳбари Афғонистон аз масоили амниятии кишвараш вокуниш нишон додааст.
Рӯзи душанбе (6 март) оқои Мушарраф гуфт, ки хадамоти амниятии Афғонистон дар ҳоли тавтеъачинӣ алайҳи кишвари ӯ ҳастанд ва талош мекунанд тавре вонамуд кунанд, ки гӯё Покистон корзор алайҳи терруризмро ҷиддӣ намегирад. Вай ҳамчунин оқои Карзайро ба "ноогоҳии комил аз воқеъиятҳои кишвараш" муттаҳам кард. Вай гуфт, оқои Карзай сервисҳои амниятии Покистонро бо додаҳои куҳна ва беҳуда дар бораи маҳалли истиқрори пайкорҷӯён ё тундравони исломӣ таъмин кардааст.
Карим Раҳимӣ - сухангӯи оқои Карзай имрӯз гуфт, ки Афғонистон Покистонро бо иттилоъоти "мувассақ ва дақиқ" таъмин карда ва дар оянда низ додаҳои бештареро дар бораи маҳалли истиқрори пайкорҷӯёни исломӣ дар ихтиёри Исломобод қарор хоҳад дод.
Пештар мақомоти афғон изҳороти оқои Мушаррафро "башиддат ғайридиплумотик ва номуносиб" арзёбӣ карда буданд, аммо таъкид карданд, ки ҳамкорӣ миёни сервисҳои амниятии ду кишвар бояд ҳамчунон идома дошта бошад.