Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар як конфаронс дар шаҳри Душанбе масъалаи таъсиси як ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон ба миён гузоштанд. Дар ин анҷуман 80 ҳайъат, аз ҷумла коршиносони СММ дар умури ҳуқуқи инсон ва созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ ширкат карданд. Раиси дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон Владимир Сотиров гуфт, таҷрибаи 120 кишвари ҷаҳон ва вазъи феълии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон якҷо бо таваҷҷӯҳи махсуси раҳбарияти кишвар ба ин масъала имкон медиҳад, масъалаи ташкили ниҳоди умумимиллӣ ва мустақил дар шакли Омбудсман ё Масъули ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад. Ба ақидаи бисёре аз ширкаткунадагони конфаронс, чунин ниҳод метавонад, ба рафъи заъф дар низоми додгустарӣ мусоидат намояд. Вале мақомоти давлати Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтанд, шароити ташкили чунин ниҳод ва мутобиқати он ба қонунгузориҳои кишвар бояд пажӯҳиш шавад. Дар қонунҳои Тоҷикистон ташкили мақоми Омбудсман ё Масъули миллии ҳуқуқи инсон дар назар дошта нашудааст.