Шаби чаҳоршанбеи бисту дуюми феврал, дар минтақаи Фархори марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар натиҷаи як амалиёт беш аз панҷоҳ килограмм маводи мухаддир боздошт шудааст. Вазорати умури дохила гуфтааст, амалиёти мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар ҳамроҳӣ бо марзбонони тоҷик гузаронида шудааст. Аз рӯи амали мазкур парванда боз шуда ва гурӯҳи фаврии ҷустуҷӯӣ аз Душанбе ба маҳалли воқеъа сафар кардааст. Хабаргузориҳо аз қавли кумитаи марзбонии Тоҷикистон навиштаанд, як қочоқбари афғон дар натиҷаи амалиёти фавқуззикр боздошт шудааст.