Интизор меравад, ки имруз Исмоил Ҳания нахуствазири ҷадиди Фаластин муъаррефӣ шавад. Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дар ин бора номаи расмӣ мефиристад. Вай аз Исмоил Ҳания хоҳад хост, ки кобинаи ҷадиди Фаластинро ташкил кунад. Гуруҳи тундрави Ҳамас, ки дар интихоботи порламонии Фаластин пирузӣ ба даст овард, дируз дар мулоқот бо Маҳмуд Аббос Исмоил Ҳанияро ба мақоми нахуствазирӣ муъаррефӣ кард. Таҳлигарон мегуянд, пирузии Ҳамас дар интихоботи порламонӣ раванди таъмини сулҳи Ховари Миёнаро ба душворӣ ру ба ру хоҳад кард. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо Ҳамасро гуруҳи террористӣ мешиносанд. Онҳо аз гуруҳи Ҳамас даъват кардаанд, ки Исроилро ба расмият шиносад ва аз ҳар гуна хушунат бар зидди он даст кашад.