Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони раиси додгоҳи олии Тоҷикистон аз фаъолияти ин додгоҳ дар мавриди баррасии воқеъбинонаи парвандаи чанд хабарнигор дар ин авохир истиқбол кардааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, муҳаррики нашри номаи мазкур лағви ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳристон дар мавриди хабарнигор Ҷумъабой Толибов ва аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди сардабири нашрияи Нирӯи Сухан, Мухтори Боқизода ба раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе ба таври назоратӣ эътироз баён кардани Додгоҳи Олии Тоҷикистон мебошад. Дар соли гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон чаҳор хабарнигорро бо ҷурмҳои мухталиф муҷозот кардааст ва коршиносон маҳкумияти онҳоро ба фаъолияти хабарнигориашон рабт додаанд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
Барот Юсуфӣ, Душанбе