Академияи улуми Тоҷикистон дар садади таҳияи як «Барномаи рушди илму техника барои солҳои 2007-2015» аст. Бар тибқи ин барнома, таъсиси пажӯҳишгоҳҳои ҷадиди илмӣ ва академияи хурди илмӣ барои муҳассилини боистеъдоди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ҳамчунин татбиқи кашфиёти нави олимони тоҷик дар назар аст. Мамадшо Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар ин робита гуфт, ки дар соли 2005 ҳукумати кишвар барои дастгирии фаъолияти олимони академия ҳудуди 2 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода буд, ки ин маблағ барои гузаронидани тадқиқот дар соҳаҳои гуногуни илм кифоят намекунад. Ҳамзамон ба гуфтаи оқои Илолов, аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ 2 миллион доллари дигар барои таҳияи барномаҳои илмӣ ва харидории фанноварии лозима барои озмоишгоҳҳои академия тақдим шудааст.
Ва аммо Мамадшо Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тайи чанд соли ахир олимони ҷавон ба академия кам таваҷҷӯҳ мекунанд ва аз омӯзиши илму фанни муосир дур мемонанд. Иллати аслии ин мушкилро оқои Илолов дар ин мебинад, ки дар академия музди моҳона аз маоши миёнаи кормандони муассисаҳои давлатӣ камтар аст. Масалан, дар ҳоле ки маоши миёнаи кормандони муассисаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон 86 сомонӣ аст, дар Академияи улум маоши миёна 64 сомониро ташкил медиҳад. Бо ин вуҷуд, дар соли ҷорӣ 37 унвонҷӯи ҷавон аспирантураи Академияи улуми Тоҷикистонро хатм карда ва 85 нафари дигар ба он дохил шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Академияи улуми Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ба як идда мушкилот рӯ ба рӯ шудааст. Ба гуфтаи раиси Академия Мамадшо Илолов, далелҳое ҳастанд, ки баъзе мақомот кашфиёти олимони академияро аз худ карда, бидуни иҷоза ва пардохти ҳаққи муаллифи кашфиёт, онро мавриди истифода қарор медиҳанд. Феълан, бар тибқи омори Академияи улуми Тоҷикистон, дар қаламрави ин кишвар 29 узви пайваста, 53 узви вобастаи академия, 151 доктори илм, аз ин миён нӯҳ зан ва 279 номзади илм, бо шумули 76 зан ба пажӯҳиши соҳаҳои гуногуни илм машғуланд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе