Шералӣ Яҳёев, раиси бахши хатлонии иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, иддаои шӯъбаи адлияи ҳукумати вилояти Хатлонро дар хусуси фаъолияти ғайриқонунии бахши иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ин вилоят беасос шуморида ва онро як навъ фишор ба озодии сухан дар ин вилоят меҳисобад:
«Шӯъбаи адлияи ҳукумати вилояти Хатлон маро ба ин айбдор кардааст, ки бе оиннома ва ғайриқонунӣ амал мекунам. Ин дар ҳолест, ки тибқи конститутсияи Тоҷикистон як оиннома ҳаст, он ҳам дар Иттиҳоди журналитони Тоҷикистон, мо мувофиқи низомнома фаъолият мекунем. Мехоҳанд, бахши вилоятии иттиҳоди журналистонро дар вилоят банданд. Ба ман огоҳинома ва вақт доданд, ки конфронс гузаронам ва аз рӯи нишондоди ин конфронс амал кунем.»
Дар ҳамин ҳол, Саодат Амиршоева, намояндаи вазорати адлияи ҳукумати вилояти Хатлон дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, раиси бахши вилоятии иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бино бар фаъолияти ғайриқонуниаш дар вилояти Хатлон, аз ҷониби шӯъбаи адлияи ҳукумати вилоят огоҳинома гирифтааст ва асноди лозима ва нусхаи огоҳинома ба иттиҳоди журналистони Тоҷикистон фиристода шудааст. Хонум Амиршоева аз додани тафсилоти бештаре оид ба ин қазия худдорӣ кард.
Аммо Ҳаёт Давлатов, раиси иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ як санад ва огоҳинома аз ҷониби шӯъбаи адлияи ҳукумати вилояти Хатлон ба иттиҳоди журналистони Тоҷикистон нарасидааст:
«Мо ягон хел санад ва нусхаи огоҳинома нагирифтем. Барои ҳамин ҳам, ман бо вазъ шинос нестам ва танҳо ҳаминро медонам, ки ҳукумати вилояти Хатлон ба бахши вилоятии мо фишор меорад. Дар ягон кишвар чунин нест, ки дар бахши вилоятии иттиҳодияи журналистон оиннома бошад. Оиннома танҳо дар иттиҳодияи марказӣ мешавад.»
Намояндагони иттиҳоди журналистони Тоҷикистон бо изҳори норизоӣ аз ин амали шӯъбаи адлияи ҳукумати вилояти Хатлон қарор доштаанд, ки дар рӯзҳои наздик дар вилояти Хатлон як конфронсеро бо ширкати намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ масоили ҳуқуқ ва озодии сухан, ҳамчунин, намояндагони расонаҳои хабарӣ, баргузор кунанд. Бахши вилоятии иттиҳоди ҷамъиятии журналистони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аз соли 1959 ба ин ҷониб фаъолият мекунад ва ҳудуди 200 узв дорад. Дар ҳудуди вилояти Хатлон, 1 радио, 3 телевизион фаъолият дорад ва беш аз 20 ҳафтанома нашр мешавад.