Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта дар кишвар бар асари ҳаводиси табиӣ 47 нафар ҷони худро аз даст дода ва хисороти ин ҳаводис ба бештар аз як миллион сомонӣ, муодили 300 ҳазор доллар баробар будааст. Мирзо Зиёев, вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфт, теъдоди қурбониёни офатҳои табиӣ ва хисороти ворида дар соли 2005 нисбат ба як соли қаблӣ чанд дарсад афзоиш кардааст: «Агар дар соли 2004 19 нафар шаҳрванди кишвар дар натиҷаи ҳаводиси табийӣ кушта шудаанд, дар соли 2005 ин рақам ба 47 нафар расид ва низ хисороти ворида 30 миллион сомонӣ афзоиш кард.» Оқои Зиёев ҳамчунин афзуд, дар соли гузашта ҳудудан 5 ҳазор манзил аз офатҳои табийӣ зарар дидааст, ки аз ин теъдод ҳудудан яку ним ҳазор манзил комилан тахриб шудааст. Вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон боришоти моҳи июн дар ноҳияи Панҷакент ва обхезӣ дар ноҳияи Ҳамадониро аз ҳаводиси пурдаҳшати табийӣ дар соли гузашта унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ бар асари обхезӣ беш аз яку ним ҳазор хонавода, бо ҷамъи 11 ҳазору 500 нафар зиён дидаанд, ки хисороти ворида бештар аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Дар ҳамин ҳол, Ҳилолиддин Шамсиддинов, раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои рафъи офатҳои табийи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба суоли радиои «Озодӣ» дар мавриди иллати ҷилавгирӣ нашудани обхезӣ дар соҳилҳои рӯди Панҷ чунин посух дод: «Сабаби асосӣ дар он аст, ки масалан, чанд рӯз баъд моҳи январ ба охир мерасад, вале то ҳанӯз барои соҳилбандӣ маблағ ҷудо нашудааст. Соли гузашта барои рафъи офати табийӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 5 миллиону 650 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд ва ин маблағ харҷ карда шуд, яъне ба ҳамин миқдор маблағ корҳо иҷро карда шуд. Тибқи мушоҳидаҳои мо, барои 30-40 дарсад соҳилбандии рӯдҳои кишвар, ки хисорот дидаанд, ҳудуди 190 миллион сомонӣ зарур аст.»
Ин дар ҳолест, ки вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев бе зикри рақами мушаххас дар мавриди маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ба вазорати худ барои рафъи оқибатҳои ҳаводиси табийӣ гуфт, маблағи мазкур танҳо барои пардохти маоши кормандони вазорат, ки ҳудудан ду ҳазор нафар нафар мебошанд, кофӣ асту халос. Ба эътиқоди ӯ, ин маблағ ҳатто наметавонад сафари хидматии кормандон ба манотиқи кишварро таъмин намояд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе