Заррабин: Дебочаи матбуоти мустақили Тоҷикистон

Зуҳури нахустин расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ба солҳои 1991- 1992-и милодӣ, ба давраи арафа ва касби истиқлолияти ин кишвар рост меояд. Онгуна ки Вазорати адлияи Тоҷикистон дар миёнаҳои соли 1992 иттилоъ дода буд, дар он давра дар шаҳри Душанбе, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва бархе аз навоҳии кишвар беш аз 30 нашрияи мустақил бо сабти номи расмӣ ба дасти чоп мерасид. Бо шурӯи фаъолияти расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон, ба мисли нашрияҳои хусусии «Чароғи рӯз», «Дунё», нашрияҳои «Растохез» ва "Сухан" дар ибтидои солҳои навади асри гузашта қолаби оҳанини сенсури идеологии матбуоти шӯравӣ дар ин кишвар шикаста гардид. Тавре ки Тоҳири Абдуҷаббор, донишманди тоҷик, сардабири яке аз аввалин нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон--«Дунё» мегӯяд, кулли расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар давраи аввали пайдоиш, мустақилият ва озодӣ дар нашри матолиб умумият мебахшид: «Шахсан худи ман чандин мақола навишта будам, вале ба чандин рӯзномаву маҷаллаҳо, ки бурда будам, барои чоп қабул намекарданд. Ва як мақолаамро рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» - органи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ба дастури муншии идеологии ҳизби коммунист низ қабул ва чоп накард. Чаро ки матолиби он мақола мувофиқи идеологияи расмии ҳизби онҳо набуд. Сабаби аслии ба вуҷуд омадани нашрияҳои мустақил ва озод, ба истилоҳ ғайридавлатӣ, ин буд, ки матбуоти давлативу ҳизбӣ воқеаҳои зиндагиро тавре ки ҳаст, воқеъбинона рост ва дуруст инъикос намекарданд.»
Онгуна ки шоҳидони ҳол мегӯянд, нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навади асри гузашта аз ҷониби хонандагон ва муштариёни кишвар бо гармӣ ва самимияти бесобиқа пазируфта шудаанд. Муҳайё Воситзода, собиқ хабарнигори ҳафтавори «Сухан», аз нахустин нашрияҳои мустақили Тоҷикистон, он лаҳзаҳоро чунин ба ёд меорад : «Нағз дар хотир дорам, вақте ки шумораи тозаи «Сухан» интишор меёфт, дар утоқи идора хонандаҳои зиёд ҷамъ мешуданд ва шумораи нав даст ба даст варақгардон мешуд. Ҳамагон «ин мақола аҷоиб, инаш боз аҷибтар будааст», гуфта, рӯҳи кормандони нашрияро болида мегардониданд. Ва мо аз он хурсанд мешудем, ки хидмати шоистае барои халқи худ карда истодаем. Афсӯс, ки шурӯъи нооромиҳо ба кори хайандешонаи нашрияи «Сухан» ва нашрияҳои дигари Тоҷикистон зарбаи ҷонкоҳ зад ва бо сабабҳои сиёсиву иқтисодӣ ин нашрия аз чоп бозмонд.»
Давраи аввали фаъолияти васоити ахбори умуми мустақил дар Тоҷикистонро Бобоҷони Икром--сардабири ҳафтавори «Вароруд» давраи дурахшони матбуоти Тоҷикистон ном мебарад : «Ин давра ҳамчун давраи тиллоии матбуоти тоҷик як тадқиқи сараро тақозо дорад.Чунки имрӯз ҳам баъди 15 сол мо гуфта намедонем, ки он сатҳи касбӣ, он дараҷаи озодии баён ва ошкоргӯӣ, ки дар ибтидои солҳои 90-ум ба назар мерасид, имрӯз дигар вуҷуд надорад. Ҳарчанд Тоҷикистон феълан як давлати мустақил аст ва он фишангҳое, ки
ибтидои солҳои 90 бо истифода аз онҳо метавонист он озодии баёнро пахш кунад, имрӯз дигар вуҷуд надорад, вале матбуоти имрӯз ҳанӯз ҳам ба дараҷаи матбуоти озоди солҳои навад нарасидааст.»

Вале Неъматулло Мирсаидов, журналист, сарвари идораи телевизиони Тоҷикистон дар поёни соли 1992 бар он аст, ки давраи аввали матбуоти мустақили Тоҷикистон бояд аз дидгоҳи дигар мавриди бозомӯзӣ қарор бигирад: «Журналистони тоҷик дар он давра демократияро намефаҳмиданд ва озодии баёнро дигаргуна маънидод мекарданд. Хатоии асосии журналистони Тоҷикистон дар он буд, ки ба гурӯҳҳои сиёсӣ пайваста, на танҳо воқеаҳоро инъикос мекарданд ва баҳо медоданд, балки бо ҷонибдории як гурӯҳи сиёсӣ мардумро низ ба давом додани мубориза ва кашмакашҳои сиёсӣ даъват мекарданд. Ман гумон мекунам, омӯзиши таърихи навини журналистикаи Тоҷикистон барои ҳама сабақомӯз аст. Махсусан, барои журналистон. Зеро то шахс пешпо нахӯрад, хатои худро дарк карда наметавонад.»
Чунин масоил ва саволҳои баҳсталаб дар таърихи навини журналистикаи тоҷик зиёд аст.
Дар муддати 15 соли касби истиқлолияти Тоҷикистон васоити ахбори умум, аз ҷумла расонаҳои мустақили ин кишвар то куҷо рушд кардааст ва дар ҳоли кунунӣ барои фаъолият ва рушди матбуоти тоҷик дар кишвар чи шароите фароҳам сохта шудааст? Қонунҳои Тоҷикистон доир ба васоити ахбори умум дар ин давра то чи дараҷа такмил ёфтаанд? Оё ҳуқуқи журналистон ва расонаҳои чопиву электронӣ дар Тоҷикистон аз сӯи мақомоти ин кишвар риоят мешавад?
Ба ин саволҳо ва саволу масоили дигари марбут ба фаъолияти хабарнигорон ва васоити ахбори умум дар Тоҷикистон якҷоя бо шумо, ҳамсӯҳбатони азизи Радиои Озодӣ, дар силсилаи гузоришҳои барномаи «Заррабин», ки ҳар рӯзи ҷумъа дар ҳамин вақт пахш мегардад, посух хоҳем ҷуст.
Ин силсилагузоришҳои нав муҳимтарин масоил ва мушкилоти рушди васоити ахбори умуми Тоҷикистон, ба хусус расонаҳои мустақили ин кишварро аз давраи пайдоиш то кунун ба риштаи баҳс мекашад.