Ҳукми Искандаров бетағйир гузошта шуд

Муҳаммадалӣ Ватанов, муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи таҷдиди назар шикояти раиси Ҳизби Демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бетағйир боқӣ гузошт, аммо аз додани иттилоъи бештар дар ин маврид худдорӣ варзид.
Дар ҳамин ҳол, Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеъи оқои Искандаров гуфт, ки ҷониби ҳимоя бо ҳукми додгоҳи таҷдиди назар розӣ нест ва ӯ дигарбора ба унвони додгоҳҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ шикоят хоҳад бурд:
"Ман ҳам гуфтам, Искандаров ҳам гуфт, ки ҳукми Додгоҳи Олиро ғайриқонунӣ ҳисоб мекунем. Искандаров зимни суханрониаш гуфт, ки худашро гунаҳкор намешуморад, дар ин замина ваҷҳҳояшро низ иброз кард. Мо даъво доштем, ки ҳукми додгоҳи зинаи аввал комилан бекор карда шавад ва Искандаров аз маҳбас раҳо гардад. Лекин эълон карданд таъйинотро, ки бетағйир монда шудааст ва шикояти кассатсионии мо беасос буда ва қаноатбахш нагардид. Мо чунин мешуморем, ки тамоми айбҳоии эълонкарда ба Искандаров асоси воқеӣ надоранд ва танҳо бо тахминҳо асоснок шудаанд.»
Оқои Бадриддинов ҳамчунин гуфт, то ҳол мақомоти додситонии Русия далели рабуда шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русияро мавриди санҷиш қарор надодаанд. Раиси ҲДТ-ро, ки додситонии Тоҷикистон дар терроризм, роҳзанӣ, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва тасарруфи амволи давлатӣ муттаҳам мекард, Додгоҳи Олӣ 5-уми октябри соли 2005 ба 23 соли зиндон маҳкум намуд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе