Шоми панҷшанбеи 12 январ ҳудуди сад тоҷири бозори Дӯстии ноҳияи Рӯдакӣ дар робита ба баста шудани бозори мазкур даст ба тазоҳурот зада ва дар назди бинои ҳукумати ноҳия ҷамъ омадаанд, вале талаби онҳо дар мавриди дубора боз кардани ин бозори коло бенатиҷа анҷомидааст. Абдусамад Сайфиддинов, раиси бозори Дӯстии ноҳияи Рӯдакӣ бо таъийди ин хабар гуфт, як рӯз қабл масъулони бахши ноҳиявии Тоҷикматлубот бе огоҳии қаблӣ тасмим гирифта ва фаъолияти бозорро қатъ карданд. Ӯ мегӯяд, дар ин маврид ягон қарори ҳукуматро низ пешниҳод накардаанд: «Ин бозори бо чӣ қадар мушкилӣ дар замони нооромии кишвар бунёдкардаро дар як рӯз тахриб карданд. Аз ин хотир рӯзи гузашта ҳудуди 100 нафар аз тоҷирон назди бинои ҳукумат ҷамъ омаданд ва талаб карданд, ки бозорои Дӯстӣ баста нашавад. Масъулони раёсати матлуботи ноҳия ба тоҷирон ваъда карданд, ки аз як бозори нимсохт барои тиҷорат ба онҳо ҷой медиҳанд, вале маълум нест. Шумо раёсати матлуботи ноҳия равед дар онҷо ба шумо ҳамаашро мефаҳмонанд.»
Аммо дар ҳамин ҳол, тоҷироне, ки мавриди ҳузури мо пайи тахриб кардани дӯконҳои худ буданд, гуфтанд онҳоро иҷборан ба дигар бозор кӯчонидан мехоҳанд: «Метарсам гап зада наметавонам. Субҳ омадем, ки бозорро тахриб доранд. Гуфтанд, ки барои савдо ҷой медиҳанд, вале маълум нест. Ҳозир ҷойи савдо ба мо надоданд, вале дӯконҳоямонро хароб карданд. Дар бозори Сафина мегӯянд ҷои як дуконро 300 доллар мефурӯшанд.»
Ин дар ҳолест, ки ба нақли тоҷирон, масъулони раёсати матлуботи ноҳия гуфтаанд, дар ҷои бозори Дустӣ ноҳияи Рӯдакӣ пойгоҳи вазорати ҳолатҳои изтирорӣ бунёд мешудааст. Аммо масъулони раёсати матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ ин хабарро рад ва ё таъийд накарданд. Ин дар ҳолест, ки Абдувоҳид Абдуразоқов, муовини раиси раёсати матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ дар мавриди ба бозори навбунёди Сафина кучонидани тоҷирони бозори Дӯстӣ иттилоъ дод ва афзуд: «Аз сабаби он ки бозори тиҷоратии Дӯстӣ ба меъёрҳои сӯхтор ва санитарӣ мутобиқ набуд, баста шуд. Ба тоҷирон аз бозори Сафина ҷой пешниҳод кардем.» Ҷаноби Абдураззоғов хаъар фурӯши ҷоҳйои бозори Сафинаро бар ивази 300 долларӣ рад кард ва гуфт, «Ҳар кас, ки дӯкон гирифтан хоҳад, ҷойро ба ӯ пешниҳод мекунанд ва тибқи муқаррароти Тоҷикматлубот ҳаққи ҳаррӯзаи истиҳодаи дуконро пардохт мекунад.»
Бозори Дӯстии ноҳияи Рӯдакӣ тавре масъулон гуфтанд, соли 1997 бунёд шуда ва дар он ҳудуди 300 нафар тоҷирон ба тиҷорат машғул буданд. Ва ҳар тоҷир барои истифода аз як метрии мураббаъи ин бозор 70 дирам ва ё ҳудуди 25 сент пардохт мекарданд.
Барот Юсуфӣ, ноҳияи Рӯдакӣ