Шурӯъи интиқоли барқ аз Ӯзбакистон

Узбакистон интиқоли нирӯи барқ ба Тоҷикистонро барои зимистони соли ҷорӣ аз сар гирифт. Абдулло Ёров - муовини аввали вазири энержии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи тавофуқоте, ки миёни ҳукуматҳои ин ду кишвар вуҷуд дорад, Узбакистон дар як шабонарӯз тақрибан 10 милён киловат соат ба Тоҷикистон барқ медиҳад:
"Дар ҳақиқат рӯзи гузашта интиқоли барқ аз Ӯзбакистон шурӯъ шуд ва ба миқдори 10 миллион киловат соат аз ҷумҳури ҳамсояи бародар мо нерӯи барқ гирифтем, ки он мушкили энергетикҳои Тоҷикистонро осон мекунад."
Ҳоло Узбакистон як киловат соат барқи худро бо нархи 2,6 сент ба Тоҷикистон мефурӯшад. Солҳои пеш барои ҳар киловат соат барқ Тоҷикистон се сент пардохт мекард. Дар музокироте, ки як моҳи пеш мақомоти вазорати энержии Тоҷикистон бо Узбакистон анҷом доданд, ҷониби Узбакистон изҳор дошт, ки омода аст, бо нархҳои байналмилалӣ, яъне 8 сент барои ҳар киловат соат ба Тоҷикистон нирӯи барқи худро диҳад.
Баъд аз ин Тоҷикистон бо Қирғизистон вориди музокира шуд ва интиқоли нирӯи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Узбакистон шурӯъ шуд. Ҳоло Тоҷикистон аз Қирғизистон низ ҳар шабонарӯз 2 милён киловат соат нирӯи барқ харидорӣ мекунад. Ҳар зимистон ба сабаби сардии ҳаво об дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон кам мешавад ва Тоҷикистон камбуди барқи худро аз кишварҳои ҳамсоя пур мекунад.
Нурмуҳаммади Холзода