Президенти Амрико Ҷорҷ Буш дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии Фокс Нюс гуфтааст, ки Эрон як таҳдиди воқеъӣ боқӣ мемонад. Оқои Буш изҳороти се сол пеши худро такрор карда гуфт, Эрон ҳамчунон дар меҳвари шарорат барҷой мондааст. Президенти Амрико гуфт, кишвараш истифодаи роҳҳои дипломатӣ барои ҳалли масъалаи Эронро идома медиҳад, вале бо изҳори нигаронӣ дар бораи суханрониҳои ахири раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки ба тахриби давлати Исроил даъват мекард, оқои Буш Теҳронро айбдор кард, ки талош дорад, силоҳи ҳастаӣ бисозад.
Ҷорҷ Буш гуфт, вай Эронро бахше аз меҳвари шарорат ном бурд, чунки Эрон ҳамчун як хатари воқеъӣ боқӣ мемонад. Ҷорҷ Буш бори нахуст дар моҳи январи соли 2002 Эронро ҳамроҳ бо Ироқи ҳанӯз таҳти раҳбарии Саддом Ҳусайн ва Куриёи Шимолӣ дар радифи кишварҳои меҳвари шарорат ном бурда буд.
Изҳороти нави оқои Буш дар ҳоле садо медиҳад, ки президенти Эрон дирӯз бо як суханронии дигараш таҳти интиқодоти шадиди байналмилалӣ қарор гирифт. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки рӯзи чоршанбе дар устони Сиистон Балуҷистон дар ҷанубу шарқи Эрон сухан меронд, қатли оми яҳудиён дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонро, ки дар таърих бо номи Ҳолокост ёд мешавад, афсона номид ва гуфт, ҳатто агар Ҳолокост рост бошад, набояд таққоси онро фаластиниҳо кашанд. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, Исроилро мебоист аз Ховари Миёна ба қитъаи хоке аз Аврупо ё Амрико ё ба Канада ё Аляска кӯчонд.
Ноиби сарвазири Исроил Шимон Перес дар посух гуфт, бояд худи раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Аляска фиристод, ки аз баёнияҳои ахири зиддияҳудӣ ва зиддиисроилиаш як зарра таскин ёбад. Суханони раисиҷумҳури Эрон дар бораи Исроилро Амрикову Олмон ва Иттиҳодияи Аврупо низ маҳкум карданд. Маҳмуди Аҳмадинажод пештар ба рӯфтани исми Исроил аз харитаи ҷаҳон даъват карда буд.
Мирзои Салимпур, Прага