Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон қавл дод, ки баъд аз пирузиаш дар интихоботи рузи якшанбе ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишварашро идома медиҳад. Вай зимни паёме ба интихобкунандагони худ дар Остона гуфт, мардуми Қазоқистон барои оромӣ рай додаанд, на барои инқилоб.Эмомалӣ Раҳмонов ва Қурмонбек Боқиев-раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Нурсултон Назарбоевро ба муносибати ин пирузӣ табрик кардаанд ва гуфтаанд, ин пирузӣ гувоҳи он аст, ки мардуми Қазоқистон аз хати машши вай ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо нозирони интихоботӣ дар бораи наҳваи баргузории интихобот назари интиқодӣ доранд. Аз ҷумла, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гуфт, интихобот ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунад. Брус Ҷеорҷ-нозир аз дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари ин созмон дар Остона гуфт, ҳамаи уҳдадориҳое, ки ин кишвар ба САҲА дода буд, иҷро нашудааст.