Ҳукумати Швейтсария бо вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон созишномаи ҳамкориро ба имзо расонд. Дар чаҳорчӯби созишномаи мазкур ҷониби Швейтсария ҳангоми ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои табиат ба монанди зилзила ва обхезӣ, наҷотдиҳандагони муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии муосир ва сагҳои омӯзишдидаро мефиристад. Шӯҳрат Ҷӯраев, ҳамоҳангсози барномаҳои дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, Швейтсария мехоҳад дар доираи барномаҳои худ ба Тоҷикистон дар роҳи бартарафкунии авоқиби офатҳои табиат саҳми амалӣ гузорад.
Ӯ меафзояд, Тоҷикистон дар минтақаи зери хатари офатҳои табиат қарор дорад ва зуд- зуд дар ин кишвар чунин ҳодисаҳо рӯй медиҳад. Дар Тоҷикистон, ки беш аз 60 дар сади аҳолӣ дар ҳолати нодорӣ зиндагӣ мекунад, ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиат ҳамзамон бо паст кардани иқтисоди кишвар, ба мардум зарари ҷиддии моливу ҷонӣ мерасонад.
Созишномаи ҳамкорӣ имрӯз дар бинои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо ҳузури вазир Мирзо Зиёев ва Даниел Сюст, раҳбари дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Бар тибқи созишнома Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки барои фаъолияти гурӯҳи зудамали ҷониби Швейтсария дар ҳудуди Тоҷикистон, ҳамаи шароити мусоидро фароҳам меёварад.
Фирӯз Баротов, Душанбе