ақ
Кумиссиюни ҳуқуқи инсони Созмони миллали муттаҳид (СММ) мехоҳад, ҷараёни муҳокимаи парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро дар додгоҳи таҷдиди назар таҳти мушоҳида дошта бошад. Ба иттилоъи Дилафрӯз Назарова, корманди бахши ҳуқуқи инсон дар Дафтари мусойидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикистон, Леандро Деспоу, гузоришгари хоси СММ гуфтааст, ӯ нозирони худро ба барррасии шикояти Искандаров дар додгоҳи таҷдиди назар хоҳад фиристод.
Дар ҳамин ҳол Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, бо гузашти се ҳафта аз замони эъломи ҳукми Искандаров ӯ ва вакилаш протоколи ҷамъбастӣ ё асноди хулосавии мурофиаро дарёфт накардаанд. Ба муҷарради дарёфти ҳуҷҷати мазкур Искандаров ва ҳимоятгари ӯ муҳокимаи парвандаро дар додгоҳи таҷдиди назар талаб хоҳанд кард.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе