Беш аз 80 корманди гуногунрутбаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тайи нӯҳмоҳи соли ҷорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда ва сесад тани дигар барои масъулиятношиносӣ ихроҷ шудаанд. Ҳумдин Шарифов - вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ки доир ба фаъолияти нуҳмоҳаи ин вазорат дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, бештари ходимони умури дохила бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, бадахлоқӣ, ришвахорӣ ва ширкат дар қочоқи маводи мухаддир боздошт ва муҷозот шудаанд.
Вай афзуд, новобаста аз коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба ҳайси як мушкилоти умда боқӣ мондааст.
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, кормандони вазорат 11 узви созмони ифротгароии «Байъат» боздошт кардаанд ва 27 нафари онҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Ҳумдин Шарифов, ҳамчунин 35 узви Ҳизбу-Ут-Таҳрир боздошт шудаанд, ки ин гурӯҳҳо ба ташвиқот барои бунёди хилофат ва талош барои сарнагунии ҳукумати феълӣ муттаҳам мешаванд.
Оқои Шарифов афзоиши ҷинояткорӣ дар заминаи харидуфурӯши одам ва махсусан зан ва кӯдак дар вақтҳои ахирро дар кишвар нигаронкунанда хонда, афзуд, ки 58 ҳодисаи қочоқи зан ба хориҷ ошкор шудааст. Ба гуфтаи вазир, барои таҳияи шиносномаи ҷаълӣ мусоидат ва ширкат дар чунин ҷиноят 18 корманди идораи таҳияи асноди шаҳрвандони вазорат ба курсии ҷиноӣ нишонида шудаанд. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар иртибот ба таркишҳо дар назди вазорати изтирорӣ ва ҳамчунин ғорати манзили раиси Бонки Миллии Тоҷикистон боздошти афроди гумонбарро таъйид карда, гуфт тафтиши ин ҷиноёт дар арафаи анҷомёбист.
Ҳумдин Шарифов ҳамчунин иттиллоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи 198 табааи тоҷик тавассути Интерпол эълом шудааст, аммо то кунун ҳеҷ яке аз онҳо бо мусоидати ин созмон боздошт нашудааст. Дар ин нӯҳ моҳ 41 табаии мавриди ҷустуҷӯи ниҳодҳои интизомӣ аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистон ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе