Кобул
Як ҳайати иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон таҳти сарварии Ҳаким Солеҳов, вазири иқтисод ва савдои кишвар чиҳати ширкат дар конфронси Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии мавсум ба ЭКО вориди Кобул хоҳад шуд.
Осиф Ҳурмат, сарвари раёсати муносиботи хориҷии вазорати иқтисоди Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт: Масоили саҳмгузории кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар бозсозии Афғонистон, барқарорсозии равобити тиҷоративу сармоягузорӣ мавзӯъи аслии конфронс хоҳад буд.
Оқои Ҳурмат афзуд, вазоратҳои иқтисод ва тиҷорати Афғонистон як қатор лоиҳаҳоро, ки соҳоти мухталифи ҷомеаи кишварро дарбар мегиранд, ба баррасии вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар бозсозии Афғонистон омода кардаанд.
Ба таъйиди оқои Ҳурмат, аз феврали соли равон инҷониб бо қарори Шӯрои плонгузории созмон дар бонки Лондон сандуқи бозсозии Афғонистон эҷод шудааст.
Оқои Ҳурмат афзуд: Кишвари Покистон ба ин сандуқ 5 миллион долларро интиқол додааст ва Афғонистон лоиҳаҳоро дар таълиму тарбия, сиҳҳати омма ва шаҳрдорӣ пешниҳод карда, дар ҳоли аз худ кардани ин маблағ аст.
Созмони ЭКО соли 1985 аз сӯйи Эрон, Покистон ва Туркия асос гузошта шуд. Баъди ворид шудани Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба ин созмон, ЭКО ба яке аз блокҳои бузургтарини иқтисодӣ табдил ёфт.
Осиф Ҳурмат, сарвари раёсати муносиботи хориҷии вазорати иқтисоди Афғонистон гуфт, дар қатори чорабиниҳои конфронс намоишгоҳи маҳсулоти саноатии як идда кишварҳои узви созмон, аз ҷумла Тоҷикистон низ дар назар аст.
Фарҳоди Милод, Кобул, Афғонистон