Президенти Фаронса Жак Ширак шоми дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳайъати давлати Тоҷикистонро, ки ба муносибати Рӯзҳои фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар Порисанд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои ҳарбию фаннӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президент Раҳмонов аз ташаббусҳои ахири иқтисодии Тоҷикистон иттилоъ дод ва аз президент Ширак дархост намуд, ба густариши ҳамкориҳои дутарафа дар риштаҳои саноат, энергетика, телекоммуникатсия ва ё дурпайванд мусоидат кунад. Жак Ширак дар навбати худ аз сафари ҳунармандони Тоҷикистон ба Фаронса изҳори сипос кард ва гуфт, чаҳор ҳунарманди тоҷик бо нишонҳои давлати Фаронса мукофотонида шудаанд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатӣ дар умури байнулмилал Эркин Раҳматуллоев, раиси Банки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов ва сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Шариф Раҳимов ширкат доштанд.
Ҳамчунин консерти ҳунармандони тоҷик дар Порис бо муваффақият ба поён расид.