Мушовараи марбут ба парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикояти Ҷумъабой Толибов хабарнигори зиндонии тоҷикро баррасӣ кард ва аз ду маврид иттиҳоми ворида ба шахси Толибов ӯро мубарро донист. Ҷумъабой Толибов бо иттиҳоми додситони ноҳияи Айнӣ ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳристон барои фаротар рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, вайрон кардани ҳаққи дахлнопазирии манзил ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд.
Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки талоши зиёде барои озодии Ҷумъабой Толибов кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бинобар дар рафтори Толибов вуҷуд надоштани аломатҳои ҷиноӣ, додгоҳ ҳукм кард, ки ӯ раҳо шавад. Ин иқдомро мо як фоли нек ҳисоб мекунем, зеро андаке ҳам бошад, адолати судӣ барқарор гардид."
Додгоҳ танҳо як кирдори аз моддаи авбошӣ ба банди таҳқири шахсият бандубаст карда ва танҳо мутобиқи як банд, яъне барои таҳқир гуноҳи Ҷумъабой Толибовро сазовори як соли кори ислоҳотӣ донистааст. Аммо аз он ҷо ки Толибов бештар аз панҷ моҳ, дар зиндон аст ва як рӯзи зиндон се рӯзи кори ислоҳӣ маҳсуб мешавад, Толибов тибқи мусаввабаи мушовараи Додгоҳи Олӣ ҳукми худро адокарда маҳсуб мешавад ва бояд аз рӯзи судури ҳукм раҳо шавад.
Ҷумъабой Толибов - рӯзноманигор ва мудири шӯъбаи ҳуқуқии ноҳияи Айнӣ 24-уми апрели соли равон боздошт ва дар 29-уми июл тибқи се банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Аммо аз ибтидо Толибов иттиҳоми ворида ба худро ноодилона хонда ва гуфта буд, ворид кардани иттиҳом ба ӯ дар заминаи хусумати шахсии додситони ноҳияи Айнӣ сурат гирифта ва ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ, ки аз ҷумла амали додситониро танқид кардааст, вобаста мебошад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе