Мавзӯъи аслии нишасти коршиносони масоили иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонҳой дар шаҳри Душанбе - баҳси масъалаи механизми татбиқи барномаҳои ҳамкории тиҷорию иқтисодӣ дар мамолики узв буд. Ба гуфтаи Ғафурҷон Расулов, сухангӯи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар нишасти муовинони вузарои иқтисод ва тиҷорати Русия, Чин, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар рӯзи сешанбеи 11-уми октябр сурат мегирад, инчунин баррасии ҳафт масъала, аз ҷумла таъсиси хазинаи рушди СҲШ, фаъолияти шӯрои тиҷории Созмон ва густариши равобити байнибонкӣ дар доираи Созмон дар назар аст. Ҷаноби Расулов гуфт, дар назар аст, дар пайи нишасти дурӯзаи муовинони вузарои иқтисоди кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонҳой чанд санади муҳими иқтисодӣ низ ба тасвиб бирасад, ки онҳо дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии мамолики аъзоро муайян мекунанд. СҲШ як барнома оид ба рушди иқтисоду тиҷорат дар қаламрави кишварҳои аъзоро таҳия кардааст, ки дар он 130 роҳу усули муваффақ шудан ба пешрафти иқтисод дар марҳилаи то соли 2020 нишон дода шудааст. Ҳамзамон, ба гуфтаи Лариса Кислякова, масъули бахши равобит бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нишасти вазирони иқтисод ва тиҷорати мамолики узви Созмони Ҳамкории Шонҳой дар пешорӯи ҳамоиши нахуствазирони кишварҳои узви ин созмон дар рӯзи 26 октябр дар Маскав сурат мегирад. Масъалаи тасвиби буҷаи Созмон дар соли 2006 аз мавзӯъҳои марказии нишасти раисони ҳукуматҳо хоҳад буд. Дар нишасти сарони ҳукуматҳои мамолики узви СҲШ инчунин намояндагони Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон даъват шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе