Н.Холзода
Генерал Шавкат Султон - сухангӯи артиши Покистон изҳор дошт, дар зилзилаи рӯзи шанбе беш аз 18 ҳазор нафар кушта шудаанд ва ҳудуди 41 ҳазор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҳамин ҳол, ирсоли кӯмакҳои байналмилалӣ ба Покситон идома дорад. Қарор аст, имрӯз як гурӯҳи 8 нафарии Созмони Милали Муттаҳид аз бахши омӯзиши фоҷеъаҳо ва ҳамоҳангии кӯмакҳо ба Исломобод равад, то ёриҳои молӣ ва беҳдоштии байналмилалиро аз Ҳиндустону Туркия, Аврупо ва аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамоҳанг кунад. Генерал Шавкат Султон мушкилоти ҷараёни амалиётҳои наҷотбахширо чунин тасвир кард:
"Ба хотири ин ки харобиҳо аслан дар манотиқи дурафтода ба бор омадааст, гурӯҳҳои наҷот наметавонанд ба зудӣ ба ин манотиқ бираванд. Нирӯҳои артиш ба баъзе аз чунин манотиқ расидаанд ва билофосила ба амалиёти наҷот шурӯъ кардаанд. Ба манотиқи дигар чархболҳо гурӯҳҳои наҷотро интиқол медиҳанд".
Ба гуфтаи Офтоб Аҳмадхон - вазири умури дохилаи Покистон, баъзе деҳот комилан ба хок яксон шудаанд. Ин зилзила ба шиддати 7,6 дараҷаи ҷадвали Рихтер дар 100 километрии шимоли Исломобод дар қаламрави Кашмир рух додааст. Дар Кашмири таҳти контроли Ҳиндустон низ 300 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар Афғонистон ду нафар кушта шудаанд ва харобиҳо ба бор омадааст. Зилзила Тоҷикистонро низ такон додааст, вале мақомоти марказҳои зилзилашиносӣ мегуянд, ин офати табиӣ харобие дар пай надоштааст.