Роберт Ҷозеф - муовини котиби давлатии Амрико доир ба таслиҳот ва амнияти байналмилалӣ гуфт, дурнамои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бо даҳшатафканӣ ва қочоқу интиқоли силоҳи ҳаставӣ дар ҷараёни мулоқоти Кондолиза Райс ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мавриди гуфтӯгу қарор мегирад.
Дипломати амрикоӣ, пас аз мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи панҷуми октябр, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт: «Осиёи Марказӣ барои мо як минтақаи пураҳамият ба ҳисоб меравад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин мо дар ин минтақа манофеъи зиёди стротежӣ дорем. Ин манфиатҳо пеш аз ҳама масъалаҳои рӯзмара, аз қабили мубориза бо даҳшатафаканӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқу густариши силоҳи ҳаставӣ ва ҳамчунин пуштибонӣ аз рушди раванди мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башарро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, масоили мазкур зимни мулоқоти хонум Кондолиза Райс бо мақомоти тоҷик низ баррасӣ мегарданд.»
Дар ҳамин ҳол коршиносони сиёсӣ дар ин мулоқот эҳтимоли матраҳ шудани мавзӯъи интиқоли пойгоҳи низомии Амрико аз Хонободи Узбакистон ба Тоҷикистонро истисно намедонанд. Рашид Абдулло таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар сурати матраҳ шудани чунин пешниҳод Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҳаққи интихоб доранд, вале интихоб бояд тавре сурат бигирад, ки аз он манофеъи дигар кишварҳо зиён набинад.
Холиқи Сангин, Душанбе