Баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе, панҷуми октябр Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистонро ба бисту се соли ҳабс дар зиндони низомаш шадид аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳи Олии Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро аз рӯи панҷ банди қонуни кайфарӣ: терроризм, бандитизм, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва муҳофизон ва сирқати маблағи давлатӣ ба ҳаҷми калон айбдор донист ва аз рутбаи генералӣ ва аз нишони Спитамен маҳрум сохт. Ду айби дигаре, ки додситонии кулл ба Муҳаммадрӯзӣ Искандаров эълон кард, яъне, хунукназарӣ ва таҳияи шиносномаи ҷаълӣ барои тафтиши иловагӣ ирсол шуд. Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ин ҳукмро ғайримунсифона хонд ва гуфт, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд.