Кобул
Чаҳор дарсади ройи мардуми Афғонистон дар интихоботи порлумониро Кумисиюни муштараки танзими интихобот наёристааст, ки бишуморад. Питер Арбен, мудири амалиёти Кумисиюни муштараки танзими интихобот гуфт, як идда қуттиҳои интихоботиро аъзои кумисиюн ба далели шубҳаангез буданашон боз накардаанд, аммо имкон дорад, ин ниҳоди интихоботӣ ба шуморидани ин ройҳо шурӯъ кунад. Ин дар ҳолест, ки дар вулусволии Пағмони вилояти Кобул 90 фисади ройи мардум қалбакӣ шуморида ва дар 271 ҳавзаи интихоботии вилояти Пактико шумориши ройҳо мавқуф гузошта шуд. Аммо оқои Арбен баргузории интихоботи такрориро дар ин ҷо ба иллати ҷомеаи баъдиҷангӣ будани Афғонистон ва ҳассосияти вазъи сиёсии кишвар баъид донист. Вай афзуд, сари он қуттиҳое, ки гумон ба яқин мерасад, чизе аз ҷомеа пӯшида нахоҳад монд ва ин қуттиҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар маърази тамошои мардум қарор хоҳанд гирифт.
Тибқи иттилои Кумисиюни муштараки танзими интихоботи Афғонистон, танҳо дар 6 вилоят аз 34 вилояти ин кишвар шумориши ройҳо интиҳо ёфта, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонӣ дар 11 вилоят ба зудӣ маълум мешаванд.
Фарҳоди Милод, Кобул