Леандро Деспоӣ, гузоришгари махсуси Комиссияи ҳимоят аз ҳуқуқи инсони Созмони Милал, дар анҷоми дидораш аз Тоҷикистон мақомоти ин кишварро муаккадан ба идомаи ислоҳот дар низоми додгоҳӣ даъват кард. Ба гуфтаи ҷаноби Деспоӣ, ки барои анҷоми як гузорише оид ба вазъи мустақилияти додгоҳҳо ва вукалои дифоъ бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон тӯли як ҳафта дар ин кишвар ба сар мебурд, додситонӣ дар муқоиса бо додрас ва вакили дифоъ ба мисли пешин аз ҳуқуқи бештаре бархурдор аст ва ин хилофи меъёрҳои байналмилалии тавозуни тарафҳо дар мурофиа мебошад.
Леандро Деспоӣ гуфт, вазъи ҳолии молии додрасҳо дар Тоҷикистон аз авомилест, ки мухторияти онҳоро метавонад аз байн бибарад ва дар тасмимоти эшон таъсире бигзорад. Гузоришгари махсуси СММ гуфт, дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон вазъи аз ҳама мушкилтареро вакилони дифоъ доштаанд.
Вакилони дифоъ, ба гуфтаи ҷаноби Деспоӣ, бо мушкилоте аз қабили дидор бо зерҳимояашон мувоҷеҳ будаанд ва ба ҷараёни мурофиа хеле дертар аз додситонӣ ворид мегаштаанд. Леандро Деспоӣ гуфт, ӯ ин ҳама нуктаҳоро дар гузориши вижаи худ, зикр хоҳад кард ва ин гузориш баҳори соли оянда дар нишасти Комиссияи ҳимоят аз ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ироа хоҳад шуд.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе