Мудирони Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд (ЕBRD) ҳафтаи равон ба Тоҷикистон сафар ва бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон, соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони созмонҳои байналмилаливу, сафоратҳои муқим дар ин кишвар мулоқот мекунанд.
Шӯрои мудирони EBRD, ки аз 62 саҳмиядорони бонки мазкур намояндагӣ мекунад, яке аз масъулиятҳои аслӣ, яъне тасвиби тарҳҳои пешниҳодӣ ба онро бар ӯҳда дорад. Ҳадафи сафари мақомоти олирутбаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ба Тоҷикистон таҳқиқи бештари ислоҳоти иқтисодии ин кишвар будааст, чун бонки мазкур саргарми таҳияи дурнамои нави дусола барои Тоҷикистон мебошад, ки қарор аст моҳи октябр такмил шавад.
Дар баёнияи расмии EBRD гуфта мешавад, мудирони бонк бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳур ва ҳамчунин бо вазири энергетикаву раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот мекунанд. Ҳайъати бонк иборат аз 8 нафар будааст.
Тибқи барномаи муқаддамотӣ барои кишварҳои дар ҳоли гузариш Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд фаъолияти худ дар Тоҷикистонро тибқи дар соли 2004 тақвият бахшид. Ҳадафи барномаи мазкури бонк нерӯ бахшидан ба иқтисоди ҳашт кишвари камбизоати узви бонк мебошад ва EBRD бо усулҳои соддае барномаҳои хурдро дар ин кишварҳо ҳарчӣ бештар сармоягузорӣ мекунад.
Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд соли 2004 даҳ барномаи Тоҷикистонро асосан дар бахшҳои бонкдорӣ маблағгузорӣ кардааст, то онҳо битавонанд дар навбати худ ба корхонаҳои хусусӣ қарзҳои боимтиёз бидиҳанд. Дар маҷмӯъ дар соли гузашта ҳаҷми сармоягузории бонк дар ин бахш 10,3 миллион долларро ташкил додааст. Ҷамъи сармоягузории Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар Тоҷикистон 59 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла тармими шабакаҳои телефонии Тоҷикистон бо маблағи бонки мазкур сурат гирифт