UNICEF барои Тоҷикистон кӯмак мехоҳад

Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал (UNICEF) гуфтааст, агарчӣ аз ҷомеаи байналмилал барои кӯмак ба атфолу занони манотиқи осебдидаи Тоҷикистон 4 миллион доллари амрикоӣ кӯмак хоста буд, аммо танҳо 17 дар сад тақрибан 700 ҳазор доллар дарёфт кардааст. Дар гузориши тозаи худ доир ба иҷрои барномаҳои имдодӣ дар Тоҷикистон Юнисеф навиштааст, ҳанӯз ҳам ба 3 миллион доллари дигар ниёз дорад, то ба занону атфоли осебдида кӯмак расонад.
Селу обхезиҳо ва дар моҳҳои июн ва июл дар чанд деҳаи Тоҷикистон бедодгарӣ ва хонаҳову роҳҳо ва мактабҳо хароб карданд. Беш аз 10 нафар, аз ҷумла кудакон дар натиҷаи ин ҳаводис кушта шуданд ва 200 хонавода дар ноҳияи Панҷакент бесарпаноҳ монданд. Ду вилояти дигари Тоҷикистон Бадахшони Кӯҳӣ ва Хатлон низ ҷабри селу обхезиҳои зиёдро кашиданд ва харобии зиёд диданд. Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал дар гузориши худ гуфтааст, ки хуруҷи бемории вабо дар чанд ноҳияи Хатлон ва атрофи Душанбе метавонад вазъи атфолу занонро бадтар кунад.
Юнисеф гуфтааст, барои кӯмак ба занону атфоли ниёзманд ба 800 ҳазор доллар фавқуллода ниёз дорад. Ин созмон мегӯяд, дар оянда ният дорад, ба 200 хонаводаи бесарпаноҳмондаи ноҳияи Панҷакент маводи ғизоӣ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалия кӯмак кунад. Дар сурати дарёфти маблағ созмон ҳамчунин тасмим гирифтааст, мактабҳои деҳоти осебдидаро бо ҷиҳози даркорӣ таъмин кунад. Юнисеф мегӯяд, лоиҳаҳое, ки дар оянда амалӣ хоҳад кард, таъмини ин макотиб бо таҷҳизоти таъмини оби поки ошомиданист, чун аксари бемориҳои сироятии пас аз офатҳои табиӣ хуруҷкарда маҳз аз оби нопок сар зада буданд.
Тоҳири Сафар, Прага