Рӯзи 9-уми сентябр мардуми Тоҷикистон ҷашни чаҳордаҳсолагии истиқлолияти давлати худро таҷлил кард. Ба муносибати таҷлил аз чаҳордаҳумин солгарди рӯзи истиқлолият дар саросари ҷумҳурӣ ва дар Душанбе- пойтахти кишвар барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дойир шуданд. Дар ҳар чаҳор ноҳияи Душанбе, бо ширкати овозхонҳо, варзишкорон ва сокинони пойтахт консертҳои идона, бозиҳои варзишӣ ва намоиши моли корхонаҳо ва маҳсули дасти косибон ва ҳунармандони мардумӣ созмон дода шуд.
Шоми он рӯз дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ барои сокинони пойтахт консерти идонаи ройгон бо иштироки ситораҳои мусиқии рӯз Сироҷиддин Фозилов, Баҳром Ғафурӣ, Сӯҳроби Маҳмуд, дастаҳои «Падида», «Дарё», ансамли «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радио ва даҳҳо ҳунармандони дигар баргузор гашт.
Фирӯз Баротов, Душанбе