Питер Уингли, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул (IMF) дар умури Тоҷикистон дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов раҳбари нави ниҳоди мазкур дар Тоҷикистон Карлос Пинеруро муаррифӣ намуд. Ҷаноби Уингли дар пайи ин мулоқот гуфт фаъолияти ӯ ба ҳайси раҳбари намояндагии IMF барои Тоҷикистон ба поён мерасад ва аз нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон дар ин вазифа Пинеру ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар мавриди мулоқоташ президент Раҳмонов, Уингли гуфт: "дар мулоқоти мо аз ҷумла раванди иҷрои барномаи коҳиши фақр баррасӣ шуд. "
Ҷаноби Уингли гуфт дар мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин руи масоили дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон ва чи гунагии иҷрои буҷаи ин кишвар дар солҳои 2006-2007 табодули афкор сурат гирифт. Карлос Пинеру, раҳбари нави IMF дар умури Тоҷикистон гуфт: "Мо қасд дорем ҳамкориҳоро дар оянда бо ниҳодҳои Тоҷикистон идома ва тақвият бахшем."
Тоҷикистон аз соли 1993 узви IMF буда, бо кӯмакҳои молии ин бунёд ба барномаи ислоҳоти сохтории худ дар бахшҳои бонкдорӣ, молия, андозу гумрук ва умури идорӣ идома медиҳад.
Холиқи Сангин, Душанбе