Қарорҳои нави ҳукумати Тоҷикистон

Ҳумоюн
Ҳукумати Тоҷикистон чанд қарорҳои наверо тасдиқ кард, ки мувофиқи он як шабакаи нави телевизионӣ таъсис шуд ва чанд тағйироти кадрӣ ба амал омад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи «барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» шабакаи нави телевизионӣ мавсум ба «Сафина» таъсис дод. Мудири телевизиони тозатаъсиси ҳукуматӣ Маҳмадсаид Пиров, собиқ муовини раиси кумитаи ТВ ва радио таъин шуд. Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, Асадулло Раҳматуллоев аз вазифаи раиси кумитаи кор бо ҷавонон озод ва ба ҷои ӯ Давлаталӣ Саидов, собиқ як масъули кумитаи давлатии идораи амвол таъин гардид. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин Каримхон Қурбонов аз маснади ректори донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Убайдулло Қурбонов таъин шуд.