Марзбонони тоҷик дар қитъаи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ як делтапланро, ки аз Афғонистон вориди марзи Тоҷикистон шудааст, сарнагун кардаанд.
Тавре Сабза Саркоров, муовини раиси кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, шоми гузашта сарбозони кумита аз дохили дастгоҳи худсохти ҳавонавардие, ки боздошт шудааст, 18 бастаи ҳероин ва як таппонча мусодира кардаанд.
Ба қавли ҷаноби Саркоров, халабони делтаплан ҳадафи тири марзбонон қарор гирифта, вале бо вуҷуди захмин шудан, нопадид гардидааст. Манбаъ афзуд, феълан ҷустуҷӯи қочоқбар дар мавзеъи сарҳадӣ идома дорад. Сабза Саркоров мегӯяд, барои нахустин бор аст, ки марзбонони тоҷик бо чунин усули ҳодисаи қочоқи нашъа аз Афғонистон ба Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе