Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар чаҳорчӯбаи ду барномаи вижа барои Тоҷикистон беш аз якуним миллион доллар тахсис додааст. Мувофиқи феҳраси барномаҳои ҳолие, ки бунёди татбиқи лоиҳаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва демократияи вазорати умури хориҷии Амрико нашр кардааст, ҳукумати ин кишвар барои таъсиси як шабакаи радиоҳои мустақили Тоҷикистон қариб нӯҳсад ҳазор доллар ҷудо кардааст. Мувофиқи ин тарҳ, доир намудани силсиладавраҳои тамринӣ ва омӯзишӣ, мусоидати фаннӣ ва таъсиси як китобхонаи барномаҳои радиоӣ дар Тоҷикистон дар назар аст.
Амрико, ҳамчунин, барои таъсиси ду маркази машварати ҳуқуқии вижаи занон дар Душанбе ва Хуҷанд 350.000 доллар тахсис додааст. Ва боз, сесад ҳазор доллари дигар барои омӯзиши масоили ҳуқуқи башар ва таъсиси як шабакаи интернетӣ барои журналистони Осиёи Марказӣ ҷудо шудааст. Дар маҷмӯъ, барои рушди расонаҳои хабарии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди ду миллион доллар тахсис шудааст. Арзиши умумии барномаҳое, ки барои дастгирӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқи инсон ва рушди демократия дар саросари ҷаҳон аз тарафи Иёлоти Муттаҳида маблағгузорӣ мешавад, беш аз чилу се миллион доллар будааст.
Ҳумоюни Шаҳриёр