Энн Купер - мудири иҷроияи Кумитаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, марказаш дар Ню-Йорк аз зиндонӣ шудани хабарнигори тоҷик Ҷумъабой Толибов изҳори нигаронӣ кардааст. Хонум Энн Купер гуфтааст, Ҷумъабой Толибов, бидуни бозрасии муносиб се моҳ дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта шуда буд, ва ҳатто то кунун омилҳои боздошт ва эъломи ҳукми ӯ норавшан боқӣ мемонад. Мудири иҷроияи Кумитаи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон гуфтааст, созмони онҳо амиқан нигарон аст, ки додситонҳо барои ниқор гирифтан аз касе, ки масоили мавриди тавваҷӯҳи ҷомеаро таҳқиқ кардааст, идораҳои худро истифода бурдаанд.
Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аввали моҳи июн аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, сабабҳои аслии боздошти Ҷумъабой Толибовро мушаххас ва ӯро фавран аз зиндон озод намоянд.
Ҷумъабой Толибов, рӯзноманигор ва раиси шӯъбаи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ дар чанд мақолааш додситони ин ноҳияро шадидан танқид карда буд. Ӯро рӯзи панҷшанбе бо гуноҳи авбошӣ ва баромадан аз ваколати хидматӣ ба 2 соли зиндон маҳкум ва барои як сол аз ҳаққи фаъолияти журналистӣ маҳрум карданд.Ҷумъабой Толибов мегӯяд, зиндонӣ карданаш танҳо барои он мақолаҳои интиқодӣ аст.