Бар асоси бароварди кумитаи омори ҳукумати Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мизони тавлидоти маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳашту аз даҳ як дарсад афзоиш ёфтааст. Ин матлабро Мерган Шаҳбозов, раиси кумитаи омори Тоҷикистон эълом дошт. Ҷаноби Мерганов гуфт, "Ин афзоиш умдатан аз ҳисоби болоравии ҳаҷми тавлидот дар бахши саноат ҳашту аз даҳ нӯҳ дар сад, соҳаи кишоварзӣ шашу аз даҳ ҳашт дарсад ва гардиши молҳои чакана 15, 5 дарсад ва ҳамчунин хидматрасонӣ ба аҳолӣ нӯҳу аз даҳ ҳафт дарсад ҳосил шудааст.»
Ҳамчунин, дар ин давра ба гуфтаи раиси кумитаи омори Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи газу нафт, тавлиди нерӯи барқ ва анвоъи масолеҳи сохтмониву хӯрока дар кишвар боло рафтааст. Аммо ба иттилоъи ӯ, дар шаш моҳи гузашта қиммати маҳсулоти ғизоӣ дар маҷмӯъ дар кишвар то ба панҷ дарсад боло рафтааст.
Дар нишасти хабарӣ зикр шуд, ки ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷ дар шаш моҳи соли равон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад коҳиш ёфта дар маҷмӯъ танҳо 430 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Вале дар ин давра ҳаҷми воридоти мол ба кишвар 603 миллион долларро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда мутаносибан бо давраи мушобеҳи соли 2004 ҳашт дарсад бештар будааст. Бар пояи омори расмӣ, мизони сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 97 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Холиқи Сангин, Душанбе