Бахши аъзами суолҳои хабарнигорон дар нишасти матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба масъалаи парвандаи Маҳмадрузӣ Искандаров, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон рабт дошт, вале муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов ба таври фишурда чунин посух дод.
"Ин парванда ҳафтаи гузашта ба мо расидааст ва ҳанӯз баррасии он идома дорад, ҳоло ба охир нарасидааст, ҳамин ки ба итмом расид, ба шумо хабар медиҳем."
Ҷаноби Ватанов ҳамчунин афзуд, теъдоди парвандаҳои ҷиноие, ки Додгоҳи Олӣ дар шаш моҳи аввали соли равон ба баррасӣ гирифтааст, мутаносибан ба шаш моҳи соли гузашта, даҳ фоиз камтар будааст, аммо дар ин муддат беш аз 1300 нафар шаҳрвандони кишвар ба Додгоҳи Олӣ арзу шикояти худро пешниҳод кардаанд, ки ин огоҳии ҳар чи бештари мардуми кишварро аз ҳуқуқу озодиҳои эшон собит менамудааст. Ҳизбулло Хоҷаев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, яке аз мушкилоти умдае, ки дар мурофиаи парвандаҳои ҷиноӣ монеъа эҷод мекунад, он аст, ки қонуни мурофиаи ҷиноии амалкунанда хеле кӯҳна буда он бо чанд тағйиру иловаҳо дар заминаи қонуни мурофиавии ҷиноии соли 1935 қабул карда шудааст, ва ба талаботи замон ҷавоб дода наметавонад:
"Ҳоло лоиҳаи нави кодекси мурофиавии ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ омода шудааст ва бояд дар моҳи октябр кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ тасдиқ гардад ва баъд аз он кодекси мурофиавии ҷиноӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда мешавад."
Тибқи иттилои Додгоҳи Олии Тоҷикистон тайи ним соли аввали соли 2005 беш аз 3800 нафар аз ҷониби Додгоҳи Олӣ маҳкум шудаанд, ки аз ин миён 428 нафарро занон ва 263 нафарро ноболиғон ташкил мекунанд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, парвандаи 54 нафари маҳкумшадугон дар додгоҳи таҷдиди назар баррасӣ шуда даъвои онҳо қисман тасдиқ шудааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе