Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи душанбе, чоруми июл муҳокимаи парвандаи ҷиноии Ёрибек Иброҳимов аз фармондеҳони пешини мухолифин, маъруф бо тахаллуси «Шайх» ва чаҳор нафар ҳамроҳони ӯро оғоз кард. Муҳаммадалӣ Юсуфов, сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин бора гуфт, муҳокимаи ин парванда ба тариқи кушода хоҳад буд.
Ёрибек Иброҳимов, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифи давлат ва чаҳор нафар аз ҳамроҳонаш дар моҳи августи соли гузашта дар ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи Тоҷикистон боздошт шуданд. Ӯ ва ҳамроҳонаш барои ҳамла болои сохтмони шӯъбаи корҳои дохилӣ, додситонии ноҳияи Тоҷикобод ва ҳамчунин суйқасд ба ҷони як ходими давлатӣ ва нигаҳдории ғайримуҷози силоҳ муттаҳам мешаванд. Ҳамла ба шӯъбаи милиса ва додситонии ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта сурат гирифта ва бар асари он як нафар ходими пулис маҷрӯҳ гашта буд. Баъди боздошти ин гурӯҳ бо роҳбарии Иброҳимов, Додситони кулли Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, дастури ҳамла болои шӯъбаи корҳои дохилӣ ва додситонӣ дар Тоҷикободро Муҳаммадрузӣ Искандаров додааст. Бобоҷон Бобохонов мегӯяд, бо амри ӯ шӯъбаи корҳои дохилӣ ва бинои додситони ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти амри ӯ мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва аз пинҳонгоҳҳои ин гурӯҳ миқдори зиёди силоҳ ва муҳиммот кашф ва забт шудааст.
Муҳаммадрузӣ Искандаров низ аз фармондеҳони аршади нирӯҳои мухолифин мебошад, ки дар боздошт ба сар мебарад ва ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи Тоҷикистон низ аз пойгоҳҳои собиқи мухолифони мусаллаҳ буд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе