Дар натиҷаи як амалиёти муштараки ожонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон ва ниҳодҳои интизомии Русия, ки ҳамзамон дар шаҳрҳои Екатеринбурги Русия ва Хуҷанди Тоҷикистон пиёда шуд, аз як гурӯҳи қочоқбар бист кило ҳероин кашф ва мусодира гардид. Бобоҷони Шафеъ, корманди дафтари матбуоти ожонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди ҳукумати Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, дар як пинҳонгоҳ дар Екатеринбург ёздаҳ кило ва дар хонаи яке аз аъзои ин гурӯҳ дар Хуҷанд нӯҳ килои дигар ҳероин ёфт шуд. Ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд ду тан бо ҷурми даст доштан дар ҳамлу нақли маводи мухаддир боздошт гардид.
Бобоҷони Шафеъ ҳамчунин хабар дод, чанд шаҳрванди Қирғизистону Тоҷикистон, ки қасди интиқоли ҳероинро аз Тоҷикистон ба Русия тавассути Қирғизистон доштаанд, боздошт шуданд ва ду тан аз боздоштшудагон кормандони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон будаанд.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе