Сухангӯи Шӯрои нигаҳбони Эрон Ғуломҳусайни Илҳом эълон кард, ки дар интихоботи президентии рӯзи ҷумъаи ин кишвар ягон номзад барандаи комил нашуд ва биноан рӯзи ҷумъаи оянда, 24-уми июн давраи дуюми он баргузор мегардад. Натиҷаҳои ниҳое ки Вазорати корҳои дохилии Эрон нашр кард, нишон медиҳанд, президенти собиқ Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо касби 21 дарсади раъйҳо пешсаф аст. Намояндаи муҳофизакорони сарсахт, шаҳрдори Теҳрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо 19 ва ним дарсад дар ҷои дуюм қарор дорад. Маҳдии Каррубӣ, номзади ислоҳотхоҳон, ки ҷои сеюмро гирифт, мегӯяд, бо сабаби хилофкориҳои зиёд дар интихобот ба раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ шикоят хоҳад бурд.Номзади дигари ислоҳотхоҳон Мустафо Муин низ аз қонуншиканиҳо дар интихобот шиква кард. Бо вуҷуди ин аввалин бор аст, ки дар Ҷумҳурии исломӣ интихобот ба даври такрорӣ ниёз пайдо намуд.