Додситонӣ Ҷумъабой Толибовро хабарнигор намешуморад

Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як иттиллоия гуфтааст, боздошти Ҷумъабой Толибов ба фаъолияти хабарнигории ӯ рабт надорад. Додситонӣ гуфтааст, Ҷумъабой Толибов ба ҳайси корманди ҳукумати ноҳия ба сӯиистифода аз мансаби давлатӣ ва авбошӣ муттаҳам мешавад.

Хосият Дадаҷонова, намояндаи дафтари матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон, дар ин робита гуфт, Ҷумъабой Толибов ҳангоми фаъолият дар вазифаи мудири шӯъбаи ҳуқуқи ноҳияи Айнӣ ваколатҳои хизматии худро сӯйистифода карда, бо мақсади бадном кардани кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия 25 декабри соли 2004 ба деҳаи Ҳавзаки ноҳияи Панҷакент рафта, шаҳрвандон Бектураев ва Рустамовро дар хонаи истиқоматиашон маҷбур сохтааст, ки нисбати кормандони интизомии ноҳияи Айнӣ ба ҷиҳати манфӣ нишондод диҳад ва он чизе ки ӯ мегӯяд, чунин ариза ва баёнот нависанд. Дар ҳоли рад кардани талаби ӯ, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ хоҳад кашид. Ҷумъабой Толибов бо баёноти гирифтааш қонеъ нашуда, бо худ видеокамера гирифта, санаи 7-уми январи соли 2005-ум боз ба деҳаи Ҳавзаки ноҳияи Панҷакент рафта, бо таҳдиду истифодаи зӯроварӣ шаҳодатномаи хизматиашро нишон дода, Бектураев ва Рустамовро бо таҳдиду тӯҳмат тарсонида, ба хонаи онҳо ғайриқонунӣ ворид мешавад ва гуфтаҳои бардурӯғи онҳоро ба камераи видео сабт мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Марат Мамадшоев, рӯзноманигори мустақил, ки ҷиҳати таҳқиқи қазияи боздошти Ҷумъабой Толибов ҳамроҳ бо панҷ хабарнигори дигар ба ноҳияи Айнӣ сафар карда буд, мегӯяд, тафтишоти парвандаи Ҷумъабой Толибов ғайривоқеӣ ва якҷониба ҷараён дорад:

«Шикояти Ҷумъабой Толибов дар мавриди он, ки додситони ноҳия ӯро дар утоқи корияш мавриди латукӯб қарор додааст, умуман баррасӣ нашудааст. Дар ин бора ба мо раиси ҳукумати ноҳия Мавҷуда Бобоева, ҳамчунин роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия иттилоъ доданд. Ва ин ки додситонии кулли кишвар чунин иттилоия пахш намудааст, ба андешаи ман, он изҳороти қабл аз вақт буда, додситонӣ аз манофеи гурӯҳии худ дифоъ мекунад. Дигар ман шубҳа дорам, ки акнун додситонии кулли кишвар парвандаи мазкурро объективона ва мустақил таҳқиқ намояд».

Ва аммо дар ҳоле, ки ҳукумати ноҳияи Айнӣ аз Ҷумъабой Толибов пуштибонӣ мекунад, рӯзи панҷшанбе, шонздаҳуми июн, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, Толибов рӯзноманигори ҳирфаӣ нест ва иттиҳомоти алайҳи вай эълоншуда марбут ба фаъолияташ дар мақоми давлатист. Гуфтанист, додситонии кулли кишвар иттилоъияи худро ба дунболи ин изҳороти президент Раҳмонов нашр кард.